Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад: «Аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад»
Опубликовано ср, 07/12/2016 - 10:55 пользователем tvtКумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона вазиши шамоли сахт- дар як сония то 17-22 метр пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.