Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад»
Опубликовано пт, 02/12/2016 - 10:03 пользователем tvtПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Чехияро идомаи муколамаи созандаи байни ду кишвар дар сатҳи баланду олӣ дониста, натиҷаҳои онҳоро самарабахш арзёбӣ намуд. Ҳамчунин Сарвари давлати тоҷикон «қаноатмандии хешро аз натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Чехияи дӯст, Ҷаноби Олӣ Милош Земан ва дигар шахсони расмӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният баргузор гардиданд», изҳор кард.