Хабар

Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президенти Ӯзбекистон пирӯз шуд

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ 88,61 дарсад овоз гирифта, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов зимни нишасти хабарӣ эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба номзади Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон 15 миллиону 900 ҳазор нафар интихобкунандагон овоз доданд.

Сӯҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам Шавкат Миромонович,

Страницы