Хабар

Дар Суғд ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150- солагии Закариёи Розӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
«Арҷ гузоштан ба осори гаронмояи ин мутафаккирони барҷаста барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,-зикр шуд дар ҳамоиш.

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ»

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ» дирӯз дар Маркази захираҳои исботшудаи тиб (МЗИТ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар шашумин конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» иштирок кард

Дар шаҳри Амритсари Ҷумҳурии Ҳиндустон 4 декабр шашумин конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» таҳти васоят ва бо суханронии ифтитоҳии Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы