Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори давлатии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Мутобиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидова Дилором Амоновна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Лангарӣ Ҷамила Салмон — Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Tags: