Хабар

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чехия

Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан оғоз гардида, сипас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия

Субҳи рӯзи 1-уми декабри соли равон муқарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия ташриф оварданд дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Страницы