Президент

Ифтитоҳи бинои нави мактаби №20 дар маҳаллаи «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар маҳаллаи «Бахт»-и ҷамоати шаҳраки Зафаробод ҷойгир аст инштирок карданд.

Шиносоии Сарвари давлат бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Муҳтарам сокинони шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва тамоми мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба бахти сокинони ватандӯсти ин диёри куҳан баробар бо таҷлили ҷашни бузурги миллиамон – биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.

Страницы