Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
Опубликовано вт, 13/09/2016 - 12:17 пользователем tvtИмрӯз дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуданд.
Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.