Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шаҳраки нав дар мавзеи дашти Рогиф дар масоҳати 15 гектар бунёд мешавад. Дар сохтмони шаҳрак тамоми талаботҳои шаҳрсозии муосир ба эътибор гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа дар давоми даҳсолаҳои оянда дар шаҳрак 47 бинои маъмурию маишӣ ба монанди беморхона, мактаб, боғчаи бачагон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, хонаҳои баландошиёна ва маконҳои фароғатӣ сохта хоҳад шуд. Фармоишгари сохтмони шаҳраки нав Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда лоиҳаи онро бошад, ҶДММ «Суғдшаҳрофар» таҳия кардааст.
Пешвои миллат ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи нави шаҳраки Меҳрон масъулону сохтмончиёнро барои бо сифати баланд анҷом додани ҳамаи корҳои сохтмонӣ муваззаф намуда, иброз доштанд, ки тамоми биноҳои маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бояд бо шаклу намои зебо сохта шуда барои сокинони он тамоми шароитҳои будубош муҳайё гардад.