Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен
Опубликовано вт, 13/09/2016 - 10:30 пользователем tvtҲамватанони азиз!
Устодон, падару модарон ва фарзандони азиз!
Имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ – яъне 25-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.
Ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро сидқан табрик мегӯям.