Президент

Ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нӯшокии шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.

Хатти барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Дар айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 Кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 Кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ «Само» анҷом додааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

 Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони шарафманду меҳнатқарини ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки
мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо
намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои
таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

 

Страницы