Президент

Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.

Истиқболи Пешвои миллат дар ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Роҳбарияти ноҳия ва аҳли заҳмати он Сарвари давлат-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса, изҳори ҷонибдорию пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари мамлакат ва умеду эътимоди боварибахш ба фардои дурахшони Ватан истиқбол гирифтанд.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Зафаробод

Ҳамдиёрони арҷманд!

Се рӯз пеш сокинони кишвари азизамон санаи мубораки соҳибихтиёриву соҳибдавлатиро бо рӯҳияи баланд ва дастовардҳои арзандаи идона ҷашн гирифтанд, ки дар ин раванд заҳматкашони ноҳияи Зафаробод низ саҳми сазовор доранд.

Аз фурсати муносиб истифода карда, кулли сокинони заҳматқарину сарбаланди ноҳияи Зафарободро ба ифтихори ин санаи муқаддас бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатмандӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Страницы