Президент

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар иртибот ба таҷлили бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

 

Пахши онлайни барномаи фарҳангии театрикунонидашуда бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолият

Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми имрӯз, соати 19:00 аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизонӣ мустақиман пахш мегардад. 

Страницы