Дар идомаи сафар ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар маҳаллаи «Бахт»-и ҷамоати шаҳраки Зафаробод ҷойгир аст инштирок карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорону хонандагони муассиса бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол намуданд.
Пешвои миллат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нав аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, бо шароити таълиму тадрис дар муассиса шинос шуданд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд биное, ки то имрӯз хонандагон дар он ба таълим фаро гирифта мешуданд соли 2006 дар заминаи озмоишгоҳи хоҷагии давлатии ба номи Рифъат Ҳоҷиев ба истифода дода шудааст ва дар соли хониши 2015-2016 дар муассиса 460 нафар хонандагон дар ду баст барои таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти он, ки сол то сол шумораи хонандагон дар ин муассиса зиёд шуда, эҳтиёҷ барои синфхонаҳои иловагӣ ба вуҷуд омад, моҳи марти соли 2016 сохтмони бинои нави он оғоз гардид.
Бояд зикр кард, ки дар баробари бунёди бинои нав инчунин бинои пешинаи муассиса низ аз таъмири ҷори бароварда шудааст.
Бинои нав барои 360 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва он аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи фанҳои дақиқ, китобхона, хонаи омӯзгорон ва ҳуҷраҳо барои гузаронидани маҳфилҳои рӯзғордорӣ иборат буда, ҳамзамон дорои толори варзишии иборат аз 240 ҷойи нишаст ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамакнун баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави бо тарҳи замонавӣ ва дорои тамоми шароити тадрис бунёдёфта дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар ду баст имкон аст то 700 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шаванд.
Маблағи умумии барои бунёди бино ҷудогардида 7 миллион сомониро ташкил дода, дар он корҳои сохтмони моҳи марти соли 2016 оғоз гардидааст ва дар муддати 6 моҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёру талаботҳои сохтмонӣ аз ҷониби Чамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонаи дониш»-и шаҳри Хуҷанд сохта шудааст. Фармоишгар дар бинои мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Дар рафти сохтмон аз 50 то 70 нафар сохтмончиён бо ҷойи кори мувақатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Зимни боздин аз синфхонаҳо, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасони муассиса Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки акнун омӯзгоронро мебояд дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳамаҷониба кӯшиш намоянд ва вазифаи пуршарафи омӯзгориро аз самими қалб иҷро кунанд. Зеро дар сурати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас мо метавонем дар оянда ба дастовардҳои аз имрӯза ҳам зиёдтар ноил гардем. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон дар муассиса 37 нафар омӯзгорони соҳибтахассус ва бо таҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд.
Муассиса дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 830 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва масоҳати иншоотҳо бошад ба 1 ҳазору 660 метри мураббаъ баробар аст.
Зимни сӯҳбат бо хонандагону омӯзгорон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маорифи мамлакат аз тарафи давлату ҳукумат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, дар давоми 25 сол ин соҳаи афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд ва мо дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Гуфта шуд, ки дар оянда низ дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш роҳандозӣ мегардад.