Хабар

Вазорати фарҳанг ба ёдгории шаҳристони Тахти Сангин пресс-тур ташкил менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, ки рўзҳои наздик бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  бо ҷалби коршиносону мутахассисон ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ба  ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ пресс-тур ташкил намояд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.

САРВАРИ ЯТИМПАРВАР. Ин кӯдакону наврасон ба Президенти Тоҷикистон чун бар падари худ изҳори муҳаббати фарзандӣ менамоянд

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ин вилоят бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Страницы