Хабар

ЗАНГИ АВВАЛ! Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд

Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои синфҳои якум занги аввал садо медиҳад. Имсол низ кӯдакони зиёд бори аввал ба мактаб қадам гузошта, дарси нахустини худ — Дарси сулҳро бо гӯш намудани суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мебахшанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Вазорати фарҳанг ба ёдгории шаҳристони Тахти Сангин пресс-тур ташкил менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, ки рўзҳои наздик бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  бо ҷалби коршиносону мутахассисон ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ба  ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ пресс-тур ташкил намояд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад.

Страницы