Хабар

САҲМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ. Тибқи қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 1050-солагии ин донишманди барҷастаи Шарқ таҷлил гардида истодааст

«Асри тиллоӣ» ба ҷаҳониён мутафаккирони зиёде бахшид, ки осори онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ таъсири назаррас дорад. Яке аз намояндагони барҷастаи ин давра Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ мебошад.

««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Синои пойтахт 24 нафар ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Дар  муассисаи таълимии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолиб баромаданд, баргузор гардид.  

Дар озмуни мазкур дар маҷмуъ 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки дар натиҷа тибқи талаботи Низомнома 24 нафар ғолиб баромада, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд

Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Страницы