ИСТИҚЛОЛИЯТ — ОЗОДӢ, ҒОЯ, МЕЪЁР ВА АРЗИШҲОИ МУҚАДДАС. Андешаҳои ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад дар ин мавзуъ
Опубликовано сб, 02/09/2023 - 11:58 пользователем tvtБаъди чанд рӯзи башумор мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 32-солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн мегиранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи муҳиммияти Истиқлолияти давлатӣ чунин ибрози андеша намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик аст».