Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш иштирок ва бо аҳли маориф мулоқот намуданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуда, бо аҳли маорифи мамлакат мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.

Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.

Президенти Тоҷикистон: «Ҳадафи мо аз эълони озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш аст»

Ҳадафи мо аз эълон намудани озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» «тагурӯ» намудани таърих нест, балки мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш 

Страницы