Хабар

ВОРИСОНИ СИНО. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 50 корманди фаъоли соҳаи тиб қадрдонӣ гардид

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 50 нафар кормандони соҳаи тиб, ки дар ноҳия фаъолияти намунавӣ  доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  

Тазаккур дода шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд намуда ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 458 нафар довталабон аз ноҳияҳои минтақа иштирок намуда, байни ҳам маҳорат меозмоянд, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд

17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

Страницы