Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рӯшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Страницы