Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 12-ошёнаро мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано чт, 17/08/2023 - 11:02 пользователем tvt17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Ба хотири истиқбол аз Пешвои созандаву бунёдкори миллат шумораи зиёди сокинони шукргузори вилоят меҳмони воломақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.