Хабар

«Андалеб-2016»: Ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард

18 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ноҳияи Файзобод дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2016» баргузор  гардид.

Нахустин гурӯҳи кории мавсими «Ҳаҷ-2016» ба Макка ва Мадина расид

17-уми августи соли равон як гурӯҳи 14-нафараи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бо кор таъмин мешаванд

Субъекти хоҷагидори ҶС «Иттиҳодияи автовокзалҳо» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми ду ҳафтаи моҳи август 7 гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.

Страницы