Хабар

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз  23 то  27 августи соли  равон  дар шаҳри Душанбе  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир  мегардад. Мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав мебахшад.

Ҷамъоварии мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 90 ҳазор тонна зиёд аст

То 18 августи соли равон  кишоварзони ҷумҳурӣ 115 ҳазору 393 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ҷамъоваригардидаи мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазору 350 тонна зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта ҳоло, кишоварзон 6233 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2025 тонна зиёд мебошад.

«Варзиш барои ҷомеаи солим» — мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25-солагии Истиқлолият

Аз 28 майи соли равон  дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди футболи хурд  байни собиқадорон ва ҷавонони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» мусобиқаи варзишӣ идома дорад.

Страницы