Хабар

Дилшод Назаров дар Рио – 2016 медали тиллоро ба даст овард

Гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи  78.68 м партоб намуда, медали тиллоро ба даст овард.

«Андалеб 2016»: санъаткорони ҳисорӣ 95 хол ба даст оварданд

Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳаваскорони ноҳияи Ҳисор дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии худро пешкаши мухлисону   доварон гардониданд.

Бори аввал дар таърихи Роҳи оҳани Тоҷикистон: Ҳаракати қатораҳо аз тариқи хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад!

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб пайваст гардида, ҳаракати

Страницы