Медалҳои тиллои мавсими футболи соли 2016 ва Ҷоми чемпионӣ ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе супорида шуданд

Дар меҳмонхонаи «Hyatt regency»-и пойтахт шоми дирӯз расми бошукӯҳи супоридани медалҳои тиллои Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Ҷоми чемпионӣ ба КФ «Истиқлол»-и Душанбе баргузор гардид. Дар маросим роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФФТ, сарпарастон, меҳмонон ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мавсими соли 2016 дар 18 вохӯрӣ 14 ғалаба карда, се бозиро мусовӣ анҷом додааст. Танҳо дар як вохӯрӣ ба мағлубият дучор гаштааст. Чемпион дар силсилаи ин бозиҳо ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама бештар- 67 тӯб зада, аз дарвозааш 20 тӯб гирифтааст. Шумораи холҳояш ба 45 адад баробар шуд, ки аз мақоми дуюм 8 имтиёз бештар мебошад.
Ҳайати дуюми ҷавонони «Истиқлол» низ дар мубориза барои медалҳо аз ҳамаи дастаҳо пеш гузашта, соҳиби ҷои аввал шуд. Футболбозони ин даста низ дар ин рӯз бо медал ва Ҷом сарфароз гардиданд.
Роҳбарияти КФ «Истиқлол» барои дастгирӣ ва саҳмгузорӣ ба сарпарастон ва ВАО дар мавсими соли 2016 минатдории худро баён карда, ба онҳо ифтихорномаву ҷоизаҳо ҳадя намуд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-ро соли оянда Мӯҳсин Муҳаммадиев -сармураббии нав ба мавсими футболи соли 2017 омода мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: