Бар асари ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Толибон» ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон на кам аз 110 нафар ҷароҳат бардоштанд. Вазъ зери назорат қарор дорад. Дар ин бора рӯзномаи олмонии «Frankfurter Allgemeine Zeitung» хабар медиҳад.
Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки бар асари таркиши мошини бо бомба муҷаҳҳаз ва тирпаронӣ дар назди консулгарӣ 2 нафар ба ҳалокат расида, 84 каси дигар ҷаҳорат бардоштаанд.
«Пас аз таркиши аввал дар назди меҳмонхонаи «Mazar Hotel», ки онро дипломатҳои олмонӣ ҳамчун консулгарӣ истифода менамуданд, таркиши дуюм дар дохили бино ба амал омад», — гуфт намояндаи полиси минтақавӣ Саид Сарвар Ҳусайнӣ. Бино ба иттилои агентии «Reuters», дар ҳамла эҳтимол ду мошини бо бомба муҷаҳҳаз истифода шуда бошанд, зеро бинои консулгарӣ хисороти ҷиддӣ дидааст.
«Дар ҷойи ҳодиса низомиёни СААШ (НАТО) ва хадамоти амнияти Афғонистон қарор дошта, дар кӯчаи назди консулгарӣ даргириҳо идома доранд», — эълон дошт намояндаи ВКХ Олмон.
Намояндаи толибон изҳор намуд, ки ин ҳамла ҷавоб ба амали ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар музофоти Қундуз, ки 3 ноябр бар асари бомбаборон беш аз 30 нафар сокинони осоишта ҳалок гардиданд, мебошад.
АМИТ «Ховар»