Иштироки Пешвои миллат дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ба ин хотир ин макон ба таври идона ороста шуда буд. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.

Ҷамъомад ба хотири ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ бо ворид шудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокчиён баргузории ин ҳамоиши фарҳангиро муборакбод гуфта, оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки иштирокчиён бо истифода аз фурсати мусоид аз манзараҳои рангини кишвари мо, аз ҷумла зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои мухталифи диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд.

Сипас дар чорабинии байналмилалӣ аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни он Роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун баромад карда, ба меҳмони олиқадр барои ширкат дар ин чорабинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард ва аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати нопайдоканори тоҷикон армуғони хотиравӣ як мусаввараи нодир тақдим намуд.

Дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ», ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра супорида шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипас дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»-ро расман ифтитоҳ намуда бо ҳунару санъати волои рассомон ва намунаи офаридаҳои онҳо аз наздик шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногуни дунё аз Осорхонаи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, боздид ба амал оварданд.

Tags: