Хабар

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони  азиз!

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.

Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 дар Ҷамоати деҳоти “Даҳана”и шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб нахуст дар Ҷамоати деҳоти “Даҳана”и ҳамин шаҳр бо буридани лентаи рамзӣ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-ро мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.

Суханронии Пешвои миллат дар ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб

Устодон ва шогирдони азиз!

Имрӯз дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, яъне 25 – солагии истиқлолияти давлатии кишварамон дар идомаи татбиқи сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон доир ба фароҳам овардани шароити муосири таълим дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб мактаби навбунёди замонавӣ ифтитоҳ гардид.

Страницы