Хабар

Модари Дилшод Назаров: «Дилшод танҳо инро гуфт: Мо тавонистем!»

Cубҳи имрӯз роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров, ғолиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ — 2016 рафтанд.

Ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо муҳоҷирон мулоқот барпо мегардад

Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират  нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохӯриҳо  бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.

Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Страницы