Хабар

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дар давоми 20 сол беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонон хатм намуданд

«Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад»

«Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо  дода шудааст.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ  Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст.

Пешвои миллат: «Русия шарики муҳими иқтисодии мост»

Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таъкид намуд.

Страницы