Тоҷикистону Лаҳистон дурнамои рушди муносибатҳоро баррасӣ намуданд
Опубликовано ср, 12/10/2016 - 10:40 пользователем tvtМуовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон ибрози андеша намуда, умедвории амиқро аз таҳкими минбаъдаи онҳо баён карданд.