Хабар

Оғози ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аввалин шуда, аъзои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд.

Собиқ сарвазири Португалия дар мубориза ба мансаби Дабири кулли СММ пешсаф аст

Собиқ сарвазири Португалия Антонио Гутерриш пас аз даври сеюми овоздиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ оид ба номзадҳо барои ишғоли мансаби Дабири кулли созмони ҷаҳонӣ пешсафиро идома медиҳад. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба агентии «Франс Пресс» хабар медиҳад.

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Страницы