Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Опубликовано чт, 18/08/2016 - 14:36 пользователем tvtРаиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Созмони кумакҳои башарии Корея «Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ» дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он, ки зимни ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ бо он бояд чӣ гуна бархӯрд кунанд, ҳамчунин омодасозии китобчаҳои иттилоърасонӣ ва тақвимҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.