Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода 7 октябр дар ҷаласаи пленарии мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа Президенти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Йонг Ким ва директори Хазинаи байналмилалии асъор Кристин Лагард суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дурнамо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиёт ва самаранокии кумакҳои молиявӣ ибрози назар намуданд.
Мулоқоти солонаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор то 11 октябри соли 2016 давом хоҳанд кард, ки баргузории брифингҳои минтақавӣ, нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳоро оид ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди байналмилалӣ ва низоми ҷаҳонии молиявӣ дар бар мегиранд.

Tags: