ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори генералии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо оид ба ҳамлу нақл Стефан Грабер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, логистика ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар ин самт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо оид ба ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор доданд.