Ҷавонони Тоҷикобод ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуданд

Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚМҶТ), имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод 10 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омада, омодагии худро барои хизмат ба Ватан- модар баён доштанд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат раиси ноҳияи Тоҷикобод ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҷавононро барои шомил шудан ба сафи артиш табрик гуфта, зикр намуданд: «Бо шарофати сулҳу суботи кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беҳтар гардида, сафи ихтиёриён низ сол то сол зиёд мегардад. Хизмат дар сафи артиш ин кафили оромию осоиштагии Ватан мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: