Ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо муҳоҷирон мулоқот барпо мегардад
Опубликовано сб, 20/08/2016 - 12:43 пользователем tvtБа муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.