Хабар

Ҷоми Осиё-2019: Рӯзи қуръакашӣ муайян шуд

Конфедератсияи футболи Осиё 18 январи соли ояндаро ҳамчун рӯзи баргузории қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба он шомил аст, интихоб кард. Дар қуръакашӣ ба ғайр аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, боз дастаҳои Кореяи Халқӣ-Демократӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман, Бутан, ҷазираҳои Малдив ва Тайбейи Чин иштирок мекунанд.

Аҳолии шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин мегардад

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз»ба аҳолӣ 526 ҳазор метри мукааб газ интиқол додаанд. Дар ин давра пардохти ҳаққи истифодаи газ аз ҷониби шаҳрвандон беҳтар гардида, аз тарафи кормандони техникӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Чин бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин ғалабаи худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки дар Баҳрайн идома дорад, ба даст овард. Дар бозии дуюми худ дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ баъди зарбаи ҷаримавӣ Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро кушод.

Страницы