5 декабри соли 2016 Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд.
«Дар дидори мазкур, ки бо ташаббуси ҷониби мисрӣ баргузор гардид, пиромуни масъалаҳои барқарорӣ ва густариши ҳамкорӣ байни Додгоҳи олии қонуни асосии Миср ва ниҳоди ҳамтои он дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Миср таъкид намуд, ки ҷониби мисрӣ хоҳони барқарории чунин ҳамкорӣ бо кишвари мо ҷиҳати мубодилаи маълумот ва таҷрибаи додгоҳӣ мебошад»,-хабар доданд аз Сафорат.
Додгоҳи олии қонуни асосӣ мақоми олии додгоҳӣ дар Миср буда, вазифаи аслии он назорати созгории қонунҳо бо моддаҳои Қонуни асосии кишвар мебошад.
АМИТ «Ховар»