Хабар

Ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони ИДМ дар Душанбе баргузор гардид

17-18-уми октябр ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин навбат ҷаласа ба 90-солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар он намояндагон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Молдова, Беларус ва Украина иштирок ва вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи мазкур андешаронӣ намуданд.

Дар Душанбе Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад

Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 19 октябр дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи коршиносони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф доир мегардад.

Ҷоизаи Лоҳутӣ ба ҳамсари журналист тақдим карда шуд

Бо қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соҳаи радио дар соли 2015 ба ҳамсари журналисти радиои «Садои Душанбе» Шариф Мисайзод (баъд аз маргаш) тақдим карда шуд.

Страницы