Хабар

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) роҳхат гирифт

Дар бозии калидии охирини гурӯҳи «Д»  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Австралия шаби гузашта дар варзишгоҳи байналмилалии Баҳрайн қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19-сола роҳхат гирифт. Акнун футболбозони мо дар идомаи ин бозиҳо дар қувваозмоии чорякниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон вориди майдон мешаванд

Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруӣ

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.

Страницы