Баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Директори иҷроияи Маркази Вулфенсон оид ба рушд Ёҳаннес Линн ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук 5 декабр дар Душанбе баргузор гардид.
«Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд»,- хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои имконияти ҳарчи бештар дастгирӣ кардани иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: