Иҷлосияи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, иҷлосияи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 22 декабри соли 2016 соати 9.00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
«Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20 ва 21 декабри соли 2016 аз соати 8:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи 2 ба қайд гирифта мешаванд. Иштирокчиён метавонанд барои гирифтани маълумот бо телефонҳои 20-26, 221-89-35 ва 221-30-84 муроҷиат намоянд»,-илова намуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»