Хабар

Дар ноҳияи Ишкошим машқҳои муштараки зиддитеррористӣ бо ширкати қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин баргузор мешаванд

Таҳти Раёсати раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъомади мудофиавии ҳудудӣ дар робита ба машқҳои муштараки амалиёти тактикӣ бо қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 2 бо ҷалби ҷузъу томҳои Артиши озодихоҳи халқии Чин баргузор гардид.

Сироҷидин Аслов дар Иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ сухан гуфт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз бориши сахти борон ва боди сард огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Ба иттилои манбаъ, борони шиддатнок ва боди сард дар назар аст.

Страницы