Аз соли 2011 инҷониб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар Вазорати молияии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар ҷамъомад Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табрики кормандони мақомоти молия гуфт: «Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонунӣ гирифт. Ин бори дигар аз қадрдониву дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти молия шаҳодат медиҳад. Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосӣ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаҳои молиявиро барои идомаи корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем».
«Даврони соҳибистиқлолӣ барои Вазорати молия ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ давраи оғози тадбирҳои нави молиявӣ буд. Ҳоло метавон гуфт, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба инкишоф ниҳодааст»,- зикр кард Ҷ. Каримзода.
АМИТ «Ховар»