Хабар

Гулистон: Боздиди 2703 сайёҳи хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои даромаднок табдил меёбад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилоят хабар доданд, дар нуҳ моҳи соли 2016 аз минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр 16 ҳазору 456 нафар боздид намудаанд. Аз теъдоди умумии сайёҳон 2703 нафарашон аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 15 миллиону 393,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 641,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Конфронси илмию амалӣ ба «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» бахшида мешавад

Имрӯз дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои баҳсноки забони воситаҳои ахбори омма» баргузор мегардад.

«Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ»- конфронси байналмилалӣ дар Суғд

25-30-юми  октябри соли равон бо дастгирии роҳбарияти вилояти Суғд конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор мегардад. Дар доираи конфронси мазкур, ки бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ доир мешавад, баргузории суҳбату мулоқот бо аҳли адаб дар назар аст. Иштирокдорон –меҳмонони конфронс ҳамчунин аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, аз ҷумла оромгоҳ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Страницы