Дар шаҳри Кўлоб тӯли се рўз мусобиқаи вилоятии тенниси рўи миз баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Абдуҷаббор Толибов, мутахассиси бахши ҷавонони минтақаи Кўлоб зикр кард, ки: «мусобиқаи тенниси рўи миз дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 5-и шаҳри Кўлоб ҷараён гирифт ва дар он аз миёни варзишгарони наврас чеҳраҳои нави ин навъи варзиш пайдо гардиданд. Дар қисмати ниҳоӣ варзишгарони наврас қувваозмоӣ намуданд».
«Мавсими имсола барои варзишгарони ин риштаи варзиш ҳанўз анҷом наёфтааст ва рўзҳои наздик баргузор намудани мусобиқаи теннис барои ҷавонону калонсолон роҳандозӣ мешавад»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медал ва ҷому туҳфаҳо супорида шуданд.
АМИТ «Ховар»