БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор 400 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Опубликовано чт, 10/08/2023 - 08:35 пользователем tvtДар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд.