Рустам Назарзода бо намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби сурх масоили омӯзиши кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ кард

Дирӯз раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Тавре аз кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадафи мулоқот баррасии фаъолияти имсолаи Салиби сурхи байналмилалӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва мусоидат дар таҳкими иқтидори кормандони КҲФ оид ба масъалаҳои омӯзиш дар самти пуштибонии равонӣ-иҷтимоӣ ва равонӣ буд.
«Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назарзода оид ба муҳим будани ташкили хадамоти равоншиносон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки бо мақсади ташкил ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳолати рӯҳии фаъолияти касбии кормандони КҲФ, расонидани кумакҳои буҳронии равонӣ ба зарардидагон дар вазъи фавқулода зарурати ташкили ин гуна хадамот ба миён омадааст»,-хабар дод манбаъ.
Намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон зикр карданд, ки «бунёди чунин хадамот имкон медиҳад, ки майдони ҳамкорӣ миёни Кумитаи байналмилалии Салиби сурх ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ васеъ шавад».

 

Tags: